Пайвандҳои дастрасӣ

Дидгоҳи зиддунақизи Ҷопон роҷеъ ба нафти Эрон


Йошиҳико Нода

Сарвазири Ҷопон гуфт, Токио ҳанӯз дар мавриди коҳиши воридоти нафти Эрон тасмим нагирифтааст. Йошиҳико Нода гуфт, ваъдаи вазири молияи Ҷопон Ҷун Азумӣ ҷиҳати пайвастан ба маъракаи таҳримоти Амрико алайҳи Эрон танҳо “назари шахсии ӯст.” Азумӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, Ҷопон мехоҳад ҷиҳати коҳиши вобастагиаш аз нафти Эрон иқдомоти мушаххас бияндешад. Дар ҳамин ҳол, муовини вазири хориҷаи Русия Геннадий Гатилов ҳушдор дод, ки таҳримоти нав алайҳи Эрон зоҳиран қасди тағйири режими Ҷумҳурии исломиро дорад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ИА ба тавофуқ дар мавриди эмбаргои нафти Эрон, ки манъи муомилаи ширкатҳо бо Теҳрон баъди ним солро дар назар дорад, наздиктар мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG