Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе барои қабули футболбозони наврас ба Академияи футбол озмун эълон кардааст.

Фаридун Солиев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, ба “Озодӣ” гуфт, интихоби футболбозони наврас ба чаҳор гурӯҳ 16-уми январ шурӯъ мешавад.

Ӯ афзуд, бачаҳои лаёқатмандро ба Академияи футбол мураббии варзида - Сергей Ли (мураббии калони Академия), инчунин мураббиёни ҷавон Нӯъмон Юсуфов (гурӯҳҳои бачаҳои соли таваллудашон 1997 ва 2000-ум), Рустам Хоҷаев (гурӯҳҳои с. т. 1997 ва 2000-ум), Ҳикмат Фузайлов (гурӯҳи с. т. 1998-ум), Рустам Қурбонов (гурӯҳҳои с.т. 1998 ва 1999-ум ) ва Аҳлиддин Турдиев (гурӯҳи с.т. 1999-ум) интихоб мекунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Солиев, мураббиёни Академияи футболи “Истиқлол”-и Душанбе - Сергей Ли, Аҳлиддин Турдиев, Нӯъмон Юсуфов ва Ҳикмат Фузайлов ба наздикӣ аз шаҳри Қазони Русия баргаштанд. Онҳо дар он ҷо дар бошгоҳи машҳури футболи «Рубин» тӯли як моҳ таҷоруби хуби мураббигӣ касб карданд.

Интихоби бачаҳо дар варзишгоҳҳои пойтахти кишвар - «Авиатор» ва «Автомобилист» баргузор мешавад.

Онҳое, ки мехоҳанд дар ин озмун иштирок кунанд, бояд бо худ шаҳодатномаи таваллуд, санади тиббӣ, либоси варзишӣ ва бутсӣ (пойафзоли футболбозӣ) бигиранд.

Бачаҳое, ки аз озмун бомуваффақият мегузаранд, ба Академияи футболи бошгоҳи «Истиқлол» қабул мешаванд.

Ҷадвали интихоби бачаҳо ба Академияи футболи "Истиқлол":

Варзишгоҳи «Авиатор» (фурудгоҳи кӯҳна)

Гурӯҳи с.т. 1997 - душанбе, чоршанбе, ҷумъа – соати 10.00
Гурӯҳи с.т. 1998 - душанбе, чоршанбе, ҷумъа- соати 11.00
Гурӯҳи с.т. 1999 - душанбе, чоршанбе, ҷумъа- соати 12.00
Гурӯҳи с.т. 2000 - душанбе, чоршанбе, ҷумъа- соати 12.00

Варзишгоҳи «Автомобилист» (Маркази нақлиёти автомобилӣ)

Гурӯҳи с.т. 1997 - сешанбе, панҷшанбе, шанбе – соати 10.00
Гурӯҳи с.т. 1998 - сешанбе, панҷшанбе, шанбе – соати 11.00
Гурӯҳи с.т. 1999 - сешанбе, панҷшанбе, шанбе – соати 12.00
Гурӯҳи с.т. 2000 - сешанбе, панҷшанбе, шанбе – соати 12.00

Маълумоти иловагӣ бо телефонҳои 919-72-00-55 – Нӯъмон Юсуфов, 917-59-00-61 – Ҳикмат Фузайлов, 919-00-14-70 – Рустам Қурбонов, 919-01-15-16 – Аҳлиддин Турдиев.

Фаридун Солиев гуфт, “аҳдофи таъсис додани Академияи бачагонаи футболи “Истиқлол” тайёр намудани футболбозони ҷавону шоиста мебошад, ки тавонанд футболи тоҷикро аз бӯҳрон бароранд.

Дар Академияи бачагонаи “Истиқлол” футболбозони боистеъдоди синнашон 12-16-сола аз ҳамаи манотиқи кишвар таҳсил хоҳанд кард. Футболбозони умедбахш захираи бошгоҳи футболро ташкил медиҳанд ва дар оянда имкон пайдо мекунанд, ки ба ҳайати асосии даста дохил шаванд.

Маросими кушоиши Академияи бачагонаи футболи “Истиқлол” моҳи марти соли равон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар назар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG