Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хези башиддати нархи афюн дар Афғонистон


Як майдони кишти хашхош дар вилояти Ҳилманд

Як майдони кишти хашхош дар вилояти Ҳилманд

СММ мегӯяд, қимати афюни афғонӣ дар соли 2011 башиддат боло рафтааст. Юрий Федотов, мудири Дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти СММ гуфт, “афюн ба ин далел як бахши муҳими иқтисоди Афғонистон буда, манбаъи таъмини молии чирикиҳост ва ба оташи фасод равған мерезад". Ба ҳисоби СММ, кишоварзони афғон дар соли гузашта аз ҳисоби кишти хашхош 1,4 миллиард доллар фоида ба даст овардаанд, ки баробари 9 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Афғонистон ва 11 маротиба бештар аз фоидаи кишти гандум дар ин кишвари ҷангзада будааст. Тавлиди афюн дар як сол 61 дарсад афзуда, ба 5800 тонна расидааст. Арзиши афюн ҳам назар ба як соли қабл 133 фоиз боло рафтааст. 90 фоизи афюни дунё дар Афғонистон тавлид мешавад.
XS
SM
MD
LG