Пайвандҳои дастрасӣ

Шиносоии дастикам ду маллоҳи амрикоии бадрафтор


Бино ба хабарҳо, дастикам 2 нафар аз 4 маллоҳи амрикоӣ, ки навори зоҳиран рӯи аҷсоди толибҳои кушташуда шошидани онҳо нашр шуда буд, шиносоӣ шудаанд. Ба гумони матбуот, воҳиди дахил дар ин бадрафторӣ дар пойгоҳи Камп Лежен дар аёлати Каролинаи шимолӣ мустақар мебошад. CNN мегӯяд, ин воҳид аз оғози соли 2011 дар Афғонистон қарор дошт ва тирамоҳ ба Амрико баргашт. Вазири дифоъи Амрико Леон Панетта ба таҳқиқи ин қазия амр дода, гуфт, сарбозони дахил ба шадидтарин ҷазо рӯбарӯ хоҳанд шуд. Кобул аз ин навор изҳори ташвиш карда, сухангӯи Толибон онро ”барбарона” номид. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аммо гуфт, ки ин навор монеъи гуфтугӯи сулҳ нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG