Пайвандҳои дастрасӣ

Раисони боз чанд шаҳру ноҳияи Тоҷикистон иваз шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тағйироти кадриаш раҳбарони чанду шаҳру ноҳияро иваз кард. Ҳамин тавр, Исматуллоҳ Зайдов аз мақоми шаҳрдори Роғун сабукдӯш шуда, раиси ноҳияи Шаҳринав таъйин шудааст. Шариф Шарифов шаҳрдори нави Роғун шуд, вале раиси Шаҳринав Раҳматуллоҳи Пӯлодро бо далели «ба кори дигар гузаштан» барканор кардаанд. Ҳамин тавр, муовини вазири саноату энержӣ Акрам Сулаймонов ба ҷои Умедхоҷаи Зоҳир раиси ноҳияи Ҷомӣ таъйин шуда, Аслонбек Абдураҳмоновро низ аз симати раиси ноҳияи Ҷиргатол сабукдӯш кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG