Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додоҷони Атовуллоро баъди сӯиқасд ҷарроҳӣ карданд


Додоҷони Атовулло (Акс аз бойгонӣ)
Додоҷони Атовулло (Акс аз бойгонӣ)
Бино ба хабарҳо, хабарнигори маъруфи тоҷик Додоҷони Атовулло дар Пажӯҳишгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и Маскав ба номи Склифосовский ҷарроҳӣ шудааст. Муассиси нашрияи «Чароғи рӯз» ва раҳбари ҷунбиши «Ватандор» шаби панҷшанбе дар як тарабхона дар хиёбони Комсомолскаяи пойтахти Русия ҳадафи сӯиқасд қарор гирифтва ду зарби корд хӯрд. Бино ба хабарҳо, ӯ аз ҷигараш корд хӯрдааст. Интерфакс навишт, ки мақомоти милиса як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони даст доштан дар ин сӯиқасд дастгир кардаанд. Додоҷони Атовуллои 56- сола аз мунтақидони тунди давлати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG