Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Владимир Чуров дар Думаи давлатӣ ҳисобот хоҳад дод


Думаи давлатии Русия имрӯз дар нахустин иҷлосияи баҳории худ тарҳи фаъолияти қонунбарорӣ барои моҳҳои наздикро тасдиқ хоҳад кард. Раиси палатаи поёни парлумон Сергей Наришкин изҳор намуд, ки чанд қонуни аз сӯи раисиҷумҳур Дмитрий Медведев пешниҳодшуда оид ба ислоҳоти сиёсӣ, аз ҷумла, дар робита ба осон кардани раванди сабти номи ҳизбҳо, шояд аз сӯи вакилон моҳи феврал баррасӣ шаванд.

Қарор аст, ки Медведев тарҳи қонун дар бораи интихоботи раҳбарони манотиқро ҳам ба Дума пешниҳод намояд.

Рӯзи панҷшанбе дар Шӯрои Думаи давлатӣ ахиран тасмим гирифта шуд, ки 27 январ раиси Комиссиюни марказии интихоботии Русия Владимир Чуров дар назди вакилон суханронӣ кунад. Интихобот ба Думаи давлатӣ боиси эътирозҳои густурда дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия гардид ва дар онҳо мардуми норозӣ истеъфои Чуровро талаб мекарданд.
XS
SM
MD
LG