Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шахсияти ду тан аз чаҳор низомии амрикоӣ, ки дар як сабти видеоӣ ба ҷасадҳои Толибон тавҳин кардаанд, ошкор шудааст.

Ба иттилои ҳайати фармондеҳии корпуси нерӯҳои дарёгарди ИМА, наворе, ки дар сомонаи "Youtube" гузошта шудааст, асл аст. Муаллифи сабти видеоӣ то ҳанӯз маълум нест. Чунин ба назар мерасад, филмбардор чун сарбозони дигари амрикоӣ дастакаш дар даст дорад ва ба лаҳҷаи англисии арикоӣ сӯҳбат мекунад.

Леон Паннета, вазири дифои Амрико, баъди нашри сабти видеоӣ дастур дод, ки навори беҳурматӣ нисбат ба ҷасадҳои ҷангҷӯёни толиб таҳқиқ шавад ва дар сурати дуруст будани он, сарбозони гунаҳкор ҷазои cазовор бигиранд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ҳам гуфтааст, "ҳар нафаре, ки дар ин ҳодиса даст дорад ё дар ин бора медонист, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад."

Ин навори видеоӣ дар ҳоле ба нашр расидааст, ки Амрико талош дорад дар баробари хуруҷи тадриҷии нерӯҳояш аз Афғонистон, барои ҳалли сиёсии қазияи ин кишвар, роҳро ҳамвор созад.

Ҳайати фармондеҳии НАТО дар Афғонистон изҳор намуд, ки аз ин ҳодиса хашмгин аст. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳам аз бадрафтории сарбозони амрикоӣ изҳори норозигӣ ва нигаронӣ кард. Дар эъломияи нашршуда аз сӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон омадааст, ки ҳар он чӣ дар ин навори видеоӣ нишон дода шудааст, ғайри инсонӣ буда ва қобили маҳкум кардан аст.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон" ин ҳодисаро “барбарона” хонд, ва аммо гуфт, ки он ба ҷараёни музокироти сулҳ дар Афғонистон таъсире нахоҳад дошт. Дар оғози моҳи ҷорӣ, Толибон барои кушоиши дафтари сиёсии худ дар Қатар мувофиқат карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG