Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Димишқ дар куштори Жакие террористҳоро айбдор хонд


Мақомоти Сурия дар ҳалокати хабарнигори фаронсавӣ дар шаҳри Ҳумс террористҳоро айбдор намуданд. Вазорати умури дохилии кишвар ваъда дод, ки барои пайдо ва муҷозот кардани гунаҳкорон аз ҳама чораҳо кор мегирад.

Дирӯз шабакаи телевизионии France 2 тайид кард, ки кормандаш Жил Жакие дар Ҳумс кушта шудааст. Дар маҷмӯъ, бар асари тирборони ҳамоиши ҷонибдорони башор Асад 8 нафар ба ҳалокат расида, 25 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо ин ҳодисаро маҳкум карда, аз Димишқ хостори рӯшанӣ андохтан дар ҳалокати Жил Жакие шуданд.

Кэтрин Эштон, масъули бахши сиёсати берунаи Иттиҳодияи Аврупо, изҳор намуд, ки масъулияти таъмини амнияти кормандони расонаҳои хабарӣ дар Сурия бар дӯши мақомоти ин кишвар аст.
XS
SM
MD
LG