Пайвандҳои дастрасӣ

"Новая газета" хостори ташреҳи изҳороти Чайка шуд


Юрий Чайка

Юрий Чайка

Нашрияи “Новая газета”, чопи Маскав, аз Додситони кулли Русия Юрий Чайка хост, ки изҳороташ дар бораи аз хориҷи кишвар сармоягузорӣ шудани гирдиҳамоиҳои эътирозии мухолифин алайҳи тақаллуб дар интихоботи парлумониро ташреҳ кунад.

Дар дархости худ хабарнигорон пурсидаанд, ки ин маблағро кӣ ва аз куҷо интиқол додааст, онро мушаххасан киҳо гирифтаанд ва кадом қонунҳои Русия поймол шудаанд.

Изҳороти Юрий Чайка дар бораи аз хориҷи Русия сармоягузорӣ шудани намоишҳои эътирозӣ рӯзи 12 январ дар рӯзномаи “Российская газета” нашр шуда буд. Ва аммо Додситони кулли Русия барои тайиди гуфтаҳояш ягон далел наовардааст.
XS
SM
MD
LG