Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ дар куштори донишманд ИМА ва Исроилро айбдор кард


Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари мазҳабии Эрон, дар ташкили куштори донишманди улуми ҳастаӣ Мустафо Аҳмадиравшан ИМА ва Исроилро муттаҳам кард.

Ин олими 32-сола дар корхонаи ғанисозии ураниум дар Натанз кор мекард. Рӯзи чаҳоршанбе ду фарди ношиноси савори мотосикл маводи таркандаро дар мошини Аҳмадиравшан насб карданд. Дар таркиш ронандаи мошин низ ба ҳалокат расид.

Дирӯз Вошингтон куштори Мустафо Аҳмадиравшанро маҳкум намуд ва эълом дошт, ки дар ин ҳодиса даст надорад. Мақомоти Исроил дар робита ба ин куштор изҳороте нашр накарданд.

ИМА ва ҳампаймонҳояш Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Теҳрон ин иддаро рад карда мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.

Ахиран дар ҷараёни сафари вазири умури хориҷии Туркия Аҳмад Довудоғлу ба Эрон хабар дода шуд, ки Теҳрон ва кишварҳои ғарбӣ ба зудӣ музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эронро аз сар мегиранд.
XS
SM
MD
LG