Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав ба ҷони Додоҷони Атовулло сӯиқасд карданд


Дар шаҳри Маскав ба ҷони хабарнигори шинохтаи тоҷик Додоҷони Атовулло сӯиқасд сурат гирифт. Шоми рӯзи панҷшанбе дар дохили тарабхонаи итолёвии Виадҷио, як фарди зоҳиран осиёӣ ба қафаси синаи хабарнигори тоҷик ду корд задааст.

Хабарнигорро дар мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористони ба номи Склифосовскийи Маскав интиқол додаанд. Табибон гуфтаанд, ки корд ба дили Атовуллои 56-сола нарасидааст, аз ин рӯ ба ҳаёти ӯ хатар таҳдид намекунад, аммо то интиқол ёфтанаш ба бемористон вай хуни бисёр бохтааст.

Пайвандони хабарнигори шинохта ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки амалиёти ҷарроҳӣ хуб гузаштааст ва айни ҳол Додоҷони Атовулло дар бахши эҳёгарии бемористон аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG