Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи Қазоқистон дар фазои ғамолуди "Жанаозен"?


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

15-уми январ дар Қазоқистон интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ баргузор мешавад.

Таваҷҷӯҳ ба раъйгирии навбатии маҷлиси ин кишвар, аз ду ҷиҳат метавонад қобили таваҷҷӯҳ бошад. Аввалан, интихоботи навбатии парлумонӣ, ин дафъа пеш аз мӯҳлат доир мешавад ва дар шароити тавсеаёбии таҳаввулот ва ислоҳоти сиёсӣ дар ҷаҳони Араб сурат мегирад. Ва вижагии дигари ин интихоботи он аст, ки баъди рӯйдодҳои хунини Жанаозен доир мешавад.

Толғанай Умбеталиева, раҳбари Бунёди «Демократияи дар ҳоли рушд дар Осиёи Марказӣ» мегӯяд, аз интихоботи навбатӣ набояд интизори тағйироти наву бунёдӣ шуд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт.

Умбеталиева: Бо назардошти поккорие, ки дар робита бо ҳизбҳои мухолиф мегузарад, набояд интизори тағйироти бунёдӣ шуд. Вақте мебинем, ки аъзои ҳизби «Рӯҳоният» ба интихобот роҳ наёфтанду, аз рӯйхати ҳизби Сотсиалу демократ исми баъзе раҳбарон лағв шудааст ва баъзе дигарон аз ин ҳизб бо садои баланд ба узвияти ҳизби «Оқ-Жол» мепайванданд, дарк мекунем, ки ин ҳамаро нирӯҳое мекунанд, ки дар пушташон давлат қарор дорад. Ба фикри ман, ба парлумон нирӯҳое роҳ меёбанд, ки ҳукумати феълиро пуштибонӣ ва бо қоидаҳои ҳукумат бозӣ мекунанд. Ҳеҷ нишонаи он, ки президент мехоҳад тағйирот ба роҳ монад, ба чашм намехӯрад. Вай дар солҳои эътидоли комил ба ислоҳот даст назад, ҳоло-ку аслан риск намекунад. Ба бовари ман, дар сатҳи иттилоотӣ баъзе изҳороти баландпоя садо хоҳанд дод, мисли ин ки имрӯз мушовири президент Ертисбоев гуфт, ки дар кишвар баъди интихобот низоми парлумониву президентӣ ҷорӣ мешавад, вале дар асл, ин ҳама гапи холӣ аст, тағйирот намешавад.

Озодӣ: Вале набзи табиии ҷомеаи Қазоқистон айни ҳол чӣ гуна аст? Оё воқеан ҳам ҷомеа тарафдори тағйироти бунёдӣ нест? Бо назардошти он чи, ки дар Жанаозен гузашт, мо дидем, ки вазъият, тавре мақомот мехоҳанд, чандон босуботу ҳамвор нест?

Умбеталиева: Аслан табиатан мардуми мо зидди ҳама гуна инқилобҳо аст. Бо назардошти рӯйдодҳои ҷаҳони Араб, Қирғизистони ҳамсоя ва инак, Жанаозен, ки мардум дид, ҳукумат аз саркӯби бераҳмонаи мардум парҳез намекунад, бисёриҳо хостори оромишу суботанд. Ва масъала на фақат дар он, ки дар маҷмӯъ сокинони кишвар аз назари иҷтимоиву иқтисодӣ таъмин ҳастанд. Ба нишони вокуниш ба рӯйдодҳои Жанаозен, баъзе аҳзоби мухолифин ба бойкоти интихобот даъват карданд, аммо гап дар ин аст, ки мардум саргумзада ҳастанд. Мардум мефаҳманд, ки бояд аз ноадолатиҳои мавҷуда эътироз кунанд, аммо намедонанд, ки ҳаққи сиёсии худро чӣ гуна амалӣ кунанд. Ба шарофати мавқеи фаъоли сокинони Жанаозен, матбуот ва мунаққидон, дар Қазоқистон бисёр чиз, алорағми хости ҳукумат, ошкор ва фош шуд. Дигар ҳукумат асли воқеаҳоро ба таври худ ба майнаи мардум бор карда наметавонад. Маҳбубияти ҳизби ҳоким дар солҳои охир шадидан коҳиш ёфтааст ва дар сурати баргузории интихоботи воқеиву бидуни тақаллуб, ҳизби Нуротан аслан ба парлумон роҳ намеёбад, чунки маҳз дар аҳди Нуротан дар кишвар бесуботии сиёсӣ эҷод шуд ва мушкилоти иҷтимоии Жанаозен рӯи об баромад. Вале боз ҳам ҳолати мардумро ман чун як сардаргумӣ арзёбӣ мекунам.

Озодӣ: Оё эътибори ҳизбҳои сиёсӣ ба унвони нирӯҳои воқеии кишвар дар Қазоқистон то куҷо ҷиддӣ ва корсоз аст? Чун вақте мо дар бораи Тоҷикистон сӯҳбат мекунем, мебинем, ки фарҳанги сиёсии мардум дар маҷмӯъ ҳанӯз ташаккул наёфтааст, ки нақши ҳизбҳои сиёсиро дар ҳаёти шаҳрвандиву сиёсии кишварашон муҳим арзёбӣ кунанд.

Умбеталиева: Дар Қазоқистон вазъ тахминан ҳамингуна аст, фаъолияти сиёсии мардум дар сатҳи хеле поин аст. Агар ҳам мардум зидди элитаи сиёсии кишвар садо баланд кунанд, ман бовар дорам, онҳо аз вазъи иҷтимоии худ, на аз вазъи сиёсии кишвар интиқод хоҳанд кард. Эътибори ҳизбҳои сиёсӣ ҳам дар ҷомеа хеле паст аст. Тафаккури мардуме, ки ҳанӯз аз замони шӯравӣ ба фаъолияти танҳо як ҳизб одат кардааст, ҳанӯз комилан дигар нашуд. Ҷамъияти мо таҷрибаи зиндагӣ дар шароити бисёриҳизбиро, ки арзишҳои сиёсӣ дар он дар мавқеи аввал бошад, надорад. Ҳанӯз ҳам мо ба фаъолияти ҳизбҳо аз назари шахсият баҳо медиҳем, ки кадом раҳбар имрӯз чӣ шиоре ба забон меорад, мо фикри ояндаро намекунем. Аз ин хотир, ҳизбҳо ҳам ҳангоми талоши ҷалби таваҷҷӯҳи мардум дар баробари масоили сиёсӣ роҷеъ ба иқтисод сӯҳбат мекунанд, чунки мавзӯи сиёсат хушхарид нест. Ба хотири эътимоди ками сиёсии мардум ба ин ҳизбҳо, нуфузи онҳо ҳам ба ҷомеа ночиз аст. Вале рӯйдодҳои Жанаозен тағйироти муайяне ҷорӣ мекунад ва мо мебинем, ки мавқеи аҳзоби мухолифин ҳоло қавитар назар ба гузашта аст.
XS
SM
MD
LG