Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастури Паннета барои таҳқиқи видеои беҳурматӣ


Леон Паннета, вазири дифоъи Амрико, дастур додааст, навори видеои беҳурматӣ нисбат ба ҷасадҳои ҷангҷӯёни Толиб таҳқиқ шавад ва дар сурати дуруст будани он сарбозони гунаҳкор ҷазои cазовор бигиранд. Дар як навор дар торнамои Ю Тюб нишон дода мешавад, ки чанд сарбоз ба рӯи ҷасадҳои ҷангҷӯёни Толиб мешошанд. Нерӯҳои баҳрии Амрико пештар гуфтанд, ки аслу саҳеҳии ин видео муайян нашудааст ва афзуданд чунин рафтор хоси нерӯҳои баҳрии Амрико нест. Леон Паннета ин корро “рафтори разилона” хонд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон низ ин амалро маҳкум кард. Карстен Ҷейкобсон, сухангӯи ин нерӯҳо гуфт: “Ин як тасвири нафратангез аст ва аз ин рӯ мо аввал мебинем, ин корро кӣ кардааст? Амрико таҳқиқро шурӯъ кардааст ва албатта барои кӯмак ба он мо ҳама корро мекунем.“ Маълум нест, видеоро кӣ ба навор гирифта ва дар интернет гузоштааст. Ҳукумати Афғонистон бо нашри баёнияе гуфт, “аз дидани ин навор” “бисёр нороҳат” шудааст. Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ин видеоро “барбарона” хонд, вале гуфт, он ба ҷараёни музокироти сулҳ дар Афғонистон асаре нахоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG