Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Газпром" Украинаро ба "аҳдшиканӣ" муттаҳам мекунад


Сергей Куприянов, намояндаи расмии ширкати давлатии “Газпром”-и Русия, имрӯз гуфт, Украина ҳақ надорад, бар хилофи қарордодаш бо ин ширкат воридоти гази русиро ним баробар кам кунад. Ба гуфтаи Куприянов, бар асоси қарордоди даҳсолаи “Газпром” ва ширкати “Нафтогаз”-и Украина аз соли 2009, Украина бояд аз Русия солона 52 миллиард метри мукааб ворид кунад. Юрий Бойко, вазири энержии Украина дирӯз гуфт, кишвараш имсол аз Газпром танҳо 27 миллиард метри мукааб гази табиӣ хоҳад харид. Сергей Куприянов мегӯяд, имкон дорад, Украина воридотро 20 дар сад дар як сол кам кунад, вале бояд шаш моҳ пеш Газпромро аз ин огаҳ кунад. Музокироти ду тараф се рӯз баъд баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG