Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳонг Конгу Душанбе. Озодӣ ва ноозодиҳои иқтисодӣ


Бозори "Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе

Бозори "Шоҳмансур"-и шаҳри Душанбе

Ба ақидаи рӯзномаи "The Wall Street Journal" ва пажӯҳишгоҳи амрикоии "The Heritage Foundation" Ҳонг Конг озодтарин иқтисоди рӯи олам аст.

Индекс ва ё шохиси озодии иқтисод, ки 18 сол инҷониб аз тарафи муассисаҳои мазкур муқаррар мешавад, доимо бо пирӯзии Ҳонг Конг анҷом гирифтааст.

Дар тамоми ҳамин муддат Сингапур дар ҷойи дуюм қарор дошта, ҷойҳои сеюму чорум насиби Зеландияи наву Австралия ва ҷои панҷум насиби кишвари Аврупоии Швейтсария гардидааст.

Муаллифони пажӯҳиши соли 2012-ум мегӯянд, буҳрони саросарии иқтисодӣ боис шудааст, ки кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Аврупо озодии иқтисодӣ дар ин минтақаҳои бузургро ба қадри назаррас маҳдуд намудаанд.

Эдвин Фулнер, раиси бунёди амрикоии "The Heritage Foundation" дар рӯзномаи "The Wall Street Journal" навиштааст, кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Аврупо тавассути дахолати ҳукуматҳояшон ва барномаҳои дастгирии молии хоҷагиҳо яке аз сабабгорони рукуди саросарии молӣ шудаанд.

Ӯ мегӯяд, иқтисоди олам дар ҳоли табоҳ қарор дорад ва ҳукуматҳо ин ҳолро боз ҳам табоҳтар мекунанд. Рӯзи 11 январ ҳангоми муаррифии индекс ва ё шохиси озодии иқтисоди кишварҳо дар соли 2012-ум ӯ гуфт:
"Дахолати ҳукуматҳо ба равандҳои бозорӣ беш аз ҳар омили дигари иқтисодӣ ба вазъи иқтисодии кишварҳо таъсири манфӣ гузоштааст."

Номбурда афзудааст, хароҷоти бузурги ҳукуматӣ натиҷаи баръакс дода, ба идомаи бӯҳрон ва аз ҷумла афзоиши қарзҳову бекории мардум саҳмгузор будааст. Бар пояи натиҷагирии бунёди "The Heritage Foundation" кишварҳои Амрикои Шимоливу Аврупо бо умеди беҳбуди вазъи иқтисодӣ хилофи анъанаҳои бозори озод амал намуда, баробар бо 35 дарсади маҷмӯи маҳсулоти миллӣ кӯмакпулӣ ё худ барномаи стимулус амалӣ кардаанд, вале дар бисёре аз ҳолатҳо ин пул натиҷаи дилхоҳ наовардааст.

Пажӯҳишгоҳ озодии иқтисодиро бар асоси чанд меъёр ва аз ҷумла ҳокимияти қонун, кифояти назорати иқтисод, маҳдудияти дахолати ҳукуматҳо ба равандҳои иқтисодӣ ва мавҷудияти бозори озод танзим намудаанд.

Дар гузориш кишварҳои минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором баҳои баланд гирифтаанд. Дар миёни 5 кишвари озодтарини иқтисодӣ 4 кишвар аз ин минтақа ҳастанд. Ба қавли муаллифони гузориш дахолати ҳукуматҳо дарди дигаре: фасодро тавсеа бахшидааст.

Онҳо меафзоянд, дар байни кишварҳои аз нуқтаи назари иқтисодӣ озод камбағалӣ камтар ба назар расида, мутобиқ ба маҳдудшавии озодии иқтисодӣ қашшоқии мардуми ин кишварҳо низ афзоиш меёбад.
Дар ин рӯйхат Тоҷикистон бо 53,4 имтиёз дар ҷои 129, яъне кишварҳои “аксаран ноозод” қарор дорад.

Ҷои ёдоварист, ки муаллифони пажӯҳиши вазъи озодиҳои иқтисодии дигар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ: Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро баҳои баланд дода, онҳоро дар гурӯҳи “дорои озодиҳои мӯътадили иқтисодӣ” шомил намудаанд.

Вазъи озодиҳои иқтисодии Русия, Узбакистон, Беларус, Украина ва Туркманистон дар муқоиса бо Тоҷикистон заифтар будааст. Муаллифон изҳори умед мекунанд, ки солҳои оянда ҳукуматҳои кишварҳои пешрафтаи Амрикову Аврупо, ки асосгузорони иқтисоди озод ба шумор мераванд, аз дахолат ба равандҳои иқтисодӣ худро канор мекашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG