Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Финландия аз минаҳои зиддинафар даст мекашад


Финландия ба Аҳдномаи байналмилалии манъи тавлиду истифода ва захираи минаҳои зиддинафар пайваст ва 159-умин кишваре шуд, ки аз ин навъи силоҳ даст мекашад. Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки Финландия асноди лозим барои пайвастан ба аҳдномаро рӯзи 9 январ ба ин созмон супурдааст. Бо шомил шудан ба Аҳдномаи байналмилалии манъи тавлиду истифода ва захираи минаҳои зиддинафар, Финландия то 4 соли дигар бояд як миллион донна аз ин навъи силоҳи кушандаеро, ки дорад, бояд нобуд кунад. Тоҷикистон низ узви ин аҳднома аст.
XS
SM
MD
LG