Пайвандҳои дастрасӣ

Осиф Алӣ Зардорӣ дигарбора ба Дубай меравад


Мақомоти Покистон мегӯянд, раиси ҷумҳур Осиф Алӣ Зардорӣ бо як сафари хусусӣ озими Дубай шудааст ва дар замоне, ки моҷаро миёни ҳукумат ва артиши нерӯманди ин кишвар боло гирифтааст. Ба гуфтаи як мақоми расмӣ, Зардорӣ баъди ширкат дар як ҷашни арӯсӣ рӯзи ҷумъа ба Исломобод бармегардад. Дар як моҳи ахир бори дуввум аст, ки раиси ҷумҳури Покистон ба Дубай сафар мекунад. Рӯзи чаҳоршанбе Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон генерал Наим Холид Лодҳӣ, муовини вазири дифоъро барои “амалкарди нодуруст” ва “нофаҳмӣ” дар байни ниҳодҳои давлатӣ аз мақомаш барканор кард. Артиши Покистон ҳам бо нашри як баёнияи ғайримуқаррарӣ ҳукуматро аз “паёмадҳои дарднок” ҳушдор дод.
XS
SM
MD
LG