Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти СССР оё "интиқоми Худо" буд?


Ҳайкали шикастаи бунёдгузори СССР В.И. Ленин дар Душанбе, 28-уми сентябри соли 1991.

Ҳайкали шикастаи бунёдгузори СССР В.И. Ленин дар Душанбе, 28-уми сентябри соли 1991.

Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин давлате дар таърих буд, ки комилан ба атеизм асос ёфт ва худро дар ҷои Худо гузошт.

Режим динро ба куллӣ манъ накард, зеро Ленин ҳарос дошт, ки таъқиби дин танҳо мӯҷиби тақвияти он мешавад. Ба ҷои ин коммунистон шароите сохтанд, ки дин бояд дар он худ батадриҷ бимирад. Афроди КГБ ба ниҳодҳои динӣ ворид шуда, онҳоро зери назорат доштанд. Дин ҳамчун бесадоӣ ва торикии афкор мавриди истеҳзои мақомот ва матбуот буд. Вале коммунистон ба дин мутаваҷҷеҳ буданд ва ҳарос доштанд, ки як рӯз Худо аз онҳо интиқом хоҳад ситонд.

Дар ин филми кӯтоҳи Дейвид Саттер воқеае тасвир ёфтааст, ки яке аз задухӯрдҳои байни атеизми давлатии СССР ва дин шумурда мешавад.

Дар деҳаи кӯчаки Великие Лукии Русия духтарчаи 9-сола, Нина Смирнова, дар як тасодуф дар моҳи декабри соли 1959 фалаҷ шуд. Пизишкон гуфтанд, ба ӯ мадад расонида наметавонанд ва пешгӯӣ карданд, ки вай пас аз се рӯз мефавтад. Аммо Нина гуфт, Худо ӯро дубора солим хоҳад кард. Ин мӯъҷиза таваҷҷӯҳи КГБ-ро ба худ кашид. Аҳли деҳа Нинаро пинҳон карданд ва касе иҷозаи сӯҳбат бо ӯро надошт. Бехудоӣ идеологияи давлатӣ буд ва касе наметавонист, онро зери шубҳа гузорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG