Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Эстония. Пас аз қазияи Руденко


Урмас Паэт, вазири умури хориҷии Эстония

Урмас Паэт, вазири умури хориҷии Эстония

Урмас Паэт раҳоии Алексей Руденко, халабони эстонӣ аз сӯи мақомоти Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ кард.

Вазири корҳои хориҷии Эстония, ки бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, гуфт, онҳо аз оғоз барои раҳоии халабони эстонӣ Алексей Руденко роҳи гуфтугӯро пеш гирифтанд.

Ӯ афзуд, ба бовари онҳо, музокира танҳо роҳи ҳалли раҳоии ду халабони ширкати русии "Ролкан Инвестмент" буд.

Урмас Паэт ин ҳарфҳоро пас аз дидор бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар шаҳри Душанбе баён дошт. Вай рӯзи 11 январ бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.

Ин сафари вазири корҳои хориҷаи Эстония дар ҳоле анҷом мегирад, ки соли гузашта мақомоти интизомии Тоҷикистон ду халабони ширкати "Ролкан Инвестмент"-ро боздошт ва ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум карданд. Аммо дар пайи пофишориҳои Русия баъдан мӯҳлати ҷазои онҳо коҳиш ёфта, бар асоси Қонуни афв озод гардиданд.

Мақомот ин халабонҳоро дар нақзи меъёрҳои байнулмилалии ҳавонавардӣ, убури ғайриқонунии марз ва қочоқ муттаҳам намуданд.

Дар акс: Алексей Руденко (аз тарафи чап) ва Владимир Садовничий

Дар акс: Алексей Руденко (аз тарафи чап) ва Владимир Садовничий

Урмас Паэт гуфт, ҳоло нуктаи муҳим ин аст, ки Алексей Руденко аз зиндон озод шуда, ба кишвараш рафтааст. Ӯ умедворӣ кард, ки дар минбаъда чунин воқеа рух нахоҳад дод, вале дар сурати рух додан ҳам музокира роҳи ҳал хоҳад буд.

Равобити дипломатии Тоҷикистону Эстония моҳи феврали соли 2006 оғоз ёфтааст. То ҳол ин кишвар дар Тоҷикистон сафорати худро надорад, вале намояндаи Эстония дар Остона ин вазифаро анҷом ба анҷом мерасонад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки табодули молу коло миёни Тоҷикистону Эстония то моҳи октябри соли гузашта беш аз 2 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил додааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG