Пайвандҳои дастрасӣ

Омори тозаи маргу мири муҳоҷирони тоҷик


Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, дар тӯли 11 моҳи соли гузашта, дар Русия 823 муҳоҷири тоҷик ҳалок шудаанд, ки андаке бештар аз соли 2010 аст. Ба гуфтаи ин ниҳод, аз ин миён 86 нафари онҳоро куштаанд, 19 нафар худкушӣ кардаанд ва бақия бар асари бемориву садамаҳои гуногун ҷон додаанд. Соли гузашта тобути 63 зан ва 760 мардро ба Тоҷикистон овардаанд. Дар ин муддат аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик ба кишвар тақрибан 3 миллиард доллар ворид шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG