Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷопон хариди нафт аз Эронро камтар мекунад


Ҳукумати Ҷопон эълом кард, ки бо риояти муқаррароти таҳримоти Амрико алайҳи Эрон, хариди нафти хом аз ин кишварро камтар хоҳад кард. Ҷун Азумӣ, вазири молияи Ҷопон, дар ин бора дар шаҳри Токио дар як нишасти хабарии муштарак бо Тимотӣ Гейтнер, вазири молияи Амрико сухан гуфт:" Барномаи ҳастаии Эронӣ чизест, ҷаҳон наметавонад нодида бигирад ва мо мавзеъгирии Амрикоро мефаҳмем. Мо қасд дорем, ҳиссаи даҳ дар садии воридоти нафт аз Эронро бо равишҳои мушаххас ва ба тадриҷ кам кунем." Ҷопон тақрибан 10 дар сади нафти воридотиашро аз Эрон мехарад. Амрико бинобар барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон алайҳи ин кишвар таҳримоти нав эълом кардааст ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам мегӯяд, азм дорад, воридоти нафт аз Эронро то чанд моҳи дигар манъ кунад.
XS
SM
MD
LG