Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Думаи Русия ба масъалаи интихобот бармегардад


Думаи Давлатӣ, палатаи поёнии порлумони Русия имрӯз хост, то раиси Кумиссиёни Марказии Интихобот, додситони кулл, вазири умури дохилӣ ва раиси Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 27 январ дар нишасти дума ба суолҳои вакилон доир ба интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми декабр посух диҳанд. Иван Мелников, муовини аввали раиси Ҳизби Коммунисти Русия, гуфт, ҷиноҳи онҳо дар дума мехост, танҳо Владимир Чуров, раиси Кумиссиёни Марказии Интихобот ба суолҳои вакилон ҷавоб диҳад, аммо баъди баҳси тӯлонӣ қарор шуд, то Юрий Чайка, додситони кулл, Рашид Нургалиев, вазири умури дохилӣ, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотӣ ҳам ба нишаст даъват шаванд. Интихоботи порлумонии моҳи декабр дар Русия, тазоҳуроти азими мухолифони давлатро барангехт, ки мегӯянд, дар он интихобот ба нафъи Ҳизби Русияи Воҳиди Владимир Путин тақаллуб шудааст.
XS
SM
MD
LG