Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор узви Шӯрои Амният қарори Эронро маҳкум карданд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Бритониё ва Олмон дар як нишасти паси дарҳои баста дар Шӯрои Амният, шурӯъи ғанисозии ураниум дар як таъсисоти зеризаминӣ дар Эронро маҳкум карданд. Аммо ғолибан ин шӯро ба ин зудӣ алайҳи Эрон таҳримоти изофӣ эъмол нахоҳад кард, зеро Чину Русия мухолифи ин коранд. Айни замон давлати Эрон аз Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва Бан Ки Мун, дабири кулли созмон хост, то қатли донишманди ҳастаии Эронро маҳкум кунанд. Мустафо Аҳмадӣ Равшан, ки дар таъсисоти атомии Натанз кор мекард, рӯзе пеш ҳамроҳ бо ронандааш дар як бомбгузорӣ кушта шуд. Амрико қатли ин донишмандро маҳкум кард ва Томӣ Виетор, сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико гуфт, кишвараш “ҳеҷ иртиботе ба ин ҳамла надорад.”
XS
SM
MD
LG