Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон мегӯянд, ҷангро идома медиҳанд


Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, имрӯз гуфт, агарчӣ ин гурӯҳ тарафдори музокироти сулҳ дар Афғонистон аст, вале ҷанг алайҳи нерӯҳои хориҷӣ ва “ҳукумати дастнишондаи Кобулро” идома хоҳад дод. Дар баёнияи Забеҳулло Муҷоҳид, ки аз тариқи имейл фиристодааст, гуфта мешавад, Толибон "талошҳои сиёсиро" барои овардани сулҳ ба Афғонистонро “бештар” кардаанд, аммо ин ба маънии “даст кашидан аз ҷиҳод” ва пазируфтани Қонуни Асосии ҳукумати феълии Афғонистон нест.
XS
SM
MD
LG