Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирони наву кӯҳна. Аз омадану рафтани мо суде ҳаст?


Нуриддин Саидов, вазири тозатаъйини маориф (Акс аз оҷонсии Тоҷнюс)

Нуриддин Саидов, вазири тозатаъйини маориф (Акс аз оҷонсии Тоҷнюс)

Назари ҷавонони тоҷик ба барканории Абдуҷаббор Раҳмонов аз мақоми вазири маорифи Тоҷикистон.

Ҷавононе, ки дар замони вазирии Абдуҷаббор Раҳмонов донишҷӯ буданд, мегӯянд, ки солҳои аввал рафтору гуфтори ӯ чандон хушашон намеомад. Махсусан, аз сахтгириҳои ӯ дар мавриди либос, истифода аз телефонҳои ҳамроҳу худравҳо, хӯрдагирӣ ба нишасту бархости донишомӯзон ва ғайра. Ин мавзӯъҳо ҳассосияте ба миён меоварданд ва хеле зуд ба аломатҳои рамзии вазири ҷавон табдил ёфта, ҳама корҳои дигари ӯро зери сояи хеш нонамоён карданд.

Акнун, пас аз барканории Раҳмонов, ки як нуқтаи поён дар фаъолияти вазирии ӯст, натиҷагириҳо мисли солҳои пеш якранг нестанд. Бархе мегӯянд, бояд ба ёд овард, ки Раҳмонов дар чӣ даврае масъулияти маорифро бар дӯш гирифт. Ин як даврае буд, ки ҳанӯз ҳарҷу марҷи замони ҷанги дохилӣ фазои макотиби олиро такон медод ва донишҷӯи "пуштдор" ба сари омӯзгор зӯроварӣ мекард. Давре буд, ки мактаби деҳоти кишвар аз ёдҳо рафта буд, китобҳои дарсӣ аҳёнан ва аз рӯйи матнҳои замони Шӯравӣ нашр мешуду он ҳам кам, муаллимон даста-даста мактабро тарк кардаву ба муҳоҷират мерафтанд. Фасоду ришват макотиби олиро ғарқ карда буд.

Нӯшин Исмоил, ки солҳои донишҷӯияш дар замони вазирии Раҳмонов гузаштааст, мегӯяд, ҳарчанд вазири собиқ натавонист, дар маҳви фасод ба пешравӣ даст ёбад, вале тавонист, "деворҳои кӯчида"-и соҳаи маорифро аз нав бардорад. Назму тартиб дар соҳа то андозае барқарор шуд, ки имкон дод, барномаҳои таълимӣ, нашри китобҳои дарсӣ ва илмӣ, санҷиши сифати кори омӯзгорон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гиранд.

Абдуҷаббор Раҳмонов

Абдуҷаббор Раҳмонов

Абдуҷаббор Раҳмонов ҳафт сол вазири маорифи Тоҷикистон буд. Дар тӯли ин муддат, ниҳоди таҳти раҳбарии ӯ ба феҳристи фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ шомил шуд. Бо он ки Раҳмонов вуҷуди фасодро дар ниҳоди таҳти раҳбарияш эътироф ва барои аз миён бурдани он талош кардааст, аммо ин талошҳо камтарин дастовардро ба дунбол доштаанд.

Он чӣ вазири маорифро дар байни қишрҳои муҳофизакори ҷомеа "маъруф" кард, дастурҳои шадиди ӯ дар масъалаи манъи ҳиҷоб ва либоси исломӣ дар мадрасаву донишгоҳҳо буд. Ин дастур, ки дар пайи он чандин донишҷӯ аз таҳсил дар донишгоҳ даст кашиданд, боиси интиқоди шадиди ӯ дар матбуоти кишвар ва сомонаҳои интернетӣ шуд. Аммо бахши дунявии ҷомеаи Тоҷикистон аз иқдоми вазири собиқ дар роҳи ҳифзи арзишҳои дунявии кишвар пуштибонӣ кардаанд. Вокуниши худи ӯ ба ин танқидҳо қобили фаҳми рӯзноманигоронест, ки мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ӯ "фармоише"-ро иҷро мекард. Аз сӯи дигар, тамаркуз рӯи ин мавзеъгириҳои вазир камтар имкон додааст, то нақш ва саҳми ӯ дар рушд ё пасрафти маориф ҷиддан баррасӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешуд, вазъи имрӯзаи маориф ояндаи кишварро муайян мекунад. Аммо ҳоло, барканории ӯ ба ин соҳа чӣ асар хоҳад дошт?

Хилватшоҳи Маҳмуд

Хилватшоҳи Маҳмуд

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки бо рафтани Раҳмонов ва омадани вазири нав Нуриддин Саидов ба вазирии маориф, соҳа талафот ва ё комёбии бузургеро касб намекунад.

"Ҳар нафаре, ки ба вазирии маориф меояд, албатта, танқид мешунавад. Бахусус аз хабарнигорон. Албатта, артиши беш аз 2 миллионафара, сар карда аз боғчаҳои бачагона то худи вазорати маориф, мушкилаш ҳам бузург аст",-гуфт ӯ.

Нуқтаи назари дигаре ҳам ҳаст, ки бо омадани Нуриддин Саидов ба мақоми вазири маориф акнун дари вазорат ба рӯйи хабарнигорон баста хоҳад шуд. Дида нашудааст, ки вазири нав бо журналистон равобити доимӣ дошта бошад ва андешаҳояшро дар расонаҳои ахбори ом эълон намояд. Самариддин, хабарнигори ҷавони тоҷик, мегӯяд, "он мукотибаи боҷуръатонаеро, ки Абдуҷаббор Раҳмонов бо хабарнигорон ва ҷомеа дошт, гумон аст, ки Саидов дошта бошад."

Бо ин ҳол, бештари ҷавонони тоҷик интизори онро доранд, ки дар замони вазирии Нуриддин Саидов вазорат боз ҳам ба комёбиҳои бештаре ноил хоҳад шуд. Зеро ба қавли онҳо, маҳз дар замони раҳбари Донишгоҳи миллӣ будани Нуриддин Саидов ин донишгоҳ рушд кард ва шаҳраки донишҷӯён, маъруф ба "Ҷазира", ки солҳо боз аз назарҳо пинҳон монда буд, обод гардид. Бархе аз корбарони Фейсбук мегӯянд, ӯ як мудир ва ташкилотчии моҳир аст ва метавонад, нерӯҳои соҳаи маорифро ба ҳалли мушкилоти ин ришта сафарбар намояд. Вале оё ҷаноби Саидов омода хоҳад буд, ки мисли пешгузаштаи худ ба як чеҳраи расонаӣ табдил ёбад, он ҳам дар ҳоле ки ҳалли мушкилоти риштаи маориф ба кӯмаки тамоми ҷомеа, аз ҷумла матбуот ниёз дорад, вақт нишон хоҳад дод.

Навор аз бойгонии "Озодӣ": Гуфтугӯи хонандагон бо Абдуҷаббор Раҳмонов

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG