Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кореяи Шимолӣ Рӯзи Ситораи дурахшонро таҷлил мекунанд


Зодрӯзи раҳбари ахиран даргузаштаи Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ир рӯзи 16 феврал чун Рӯзи Ситораи дурахшон таҷлил хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ бо такя ба раҳбарияти кишвар иттилоъ додааст.

Бар пояи хабарҳо, ҷасади Ким Чен Ир дар мақбараи Кимсусан, ки он ҷо ҷасади падараш, поягузори Кореяи Шимолӣ Ким Ир Сен нигаҳ дошта мешавад, боқӣ хоҳад монд.

Дар Пхенян муҷассамаи Ким Чен Ир бунёд мешавад, дар сартосари кишвар ба ёди ӯ "манораҳои абадият" сохта шуда, аксҳои ӯ овезон хоҳанд монд.
XS
SM
MD
LG