Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Брюссел хостори таҳқиқи сабабҳои марги Жил Жакие шуд


Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо аз мақомоти Сурия хостори рӯшанӣ андохтан дар ҳалокати хабарнигори фаронсавӣ Жил Жакие шуданд. Ба иттилои телевизионии Димишқ, бар асари тирборони шаҳри Ҳумс 8 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 20 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Шабакаи телевизионии France 2 тайид кард, ки кормандаш Жил Жакие дар Ҳумс кушта шудааст. Ба иттилои шабака, дар ин ҳодиса як хабарнигори ҳоландӣ маҷрӯҳ шудааст.

Яке аз шоҳидон гуфт, ки афроди номаълум сӯи ширкатдорони намоиши ҷонибдорони ҳукумат мушак андохтаанд.

Хабарнигори фаронсавӣ бо даъвати ҳукумати Сурия омада буд. Баъд аз вуруди нозирони Лигаи кишварҳои араб Димишқ ба бархе аз хабарнигорони хориҷӣ ҳам иҷозаи фаъолият дар кишварро дод.
XS
SM
MD
LG