Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як талоши интихоби раисиҷумҳури Молдавия


Имрӯз дар Молдавия мӯҳлати пешбарии номзадҳо ба мақоми президентӣ поён меёбад. Ду сол боз парлумони кишвар ба интихоби сарвари давлат муваффақ намешавад.

Рӯзи чаҳоршанбе Ҳизби коммунисти Молдавия ба мақоми раисиҷумҳур Леонид Талмач, раиси пешини Бонки миллии кишварро, пешбарӣ кард. Коммунистҳо мехоҳанд номзадии ӯро ҳамроҳ бо эътилофи ҳукмрони “Барои ҳамоиш бо Аврупо” баррасӣ кунанд.

Интихоботи раисиҷумҳури Молдавия дар парлумони кишвар 15 январ баргузор мешавад. Барои пирӯзӣ номзадҳо бояд дасти кам 61 раъйи вакилонро соҳиб шаванд. Эътилофи ҳукмрон дар парлумон 59 курсӣ дорад.

Агар ин дафъа вакилон раисиҷумҳурро интихоб накунанд, парлумон пароканда карда мешавад ва дар кишвар интихоботи нави парлумонӣ доир мегардад.
XS
SM
MD
LG