Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуди Аҳмадинажод аз Куба дидан кард


Маҳмуди Аҳмадинажод дар Ҳавана
Маҳмуди Аҳмадинажод дар Ҳавана
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар чаҳорчӯби сафараш ба кишварҳои Амрикои Лотин аз Куба дидан кард. Зимни суханронӣ дар донишгоҳи шаҳри Ҳавана, Аҳмадинажод дар бораи зарурати ташкили низоми нави ҷаҳонӣ таъкид кард ва гуфт, ки суқути низоми сармоядорӣ наздик аст.

Раисиҷумҳури Эрон бо ҳамтои кубагияш Раул Кастро мулоқот кард. Мақомоти феълии Эрону Куба дар чанд мавзӯъ аз мавқеи ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд. Теҳрон эмбаргои тиҷоратии Амрико алайҳи Кубаро, ки ним аср боз идома дорад, маҳкум мекунад, Ҳавана дар навбати худ ҳаққи Эрон барои коркарди осоиштаи нерӯи ҳастаиро эътироф менамояд.

Сафари Аҳмадинажод дар Эквадор поён меёбад. Қаблан раисиҷумҳури Эрон аз Венесуэла ва Никарагуа дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG