Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифини ҳукумати Русия боз гирди ҳам меоянд


Шарҳдории Маскав барои баргузории гирдиҳамоии мухолифин дар гулгашти Чистие пруди иҷоза дод. Қарор аст, ки рӯзи шанбе дар ин ҳамоиши эътирозӣ 300 нафар ширкат кунанд.

Ҳизби “Яблоко” изҳор намуд, ки дар гирдиҳамоӣ ба истилоҳ “рӯйхати Чуров”-ро ироа мекунад – ба ин рӯйхат он аъзои комиссиюнҳои интихоботӣ шомиланд, ки дар тақаллубу қонуншиканиҳо ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихобот ба Думаи давлатии Русия даст доранд.

Интихоботи парлумонии Русия рӯзи 4 декабри соли гузашта баргузор шуд ва боиси эътирози густурдаи мардуми норозӣ гардид.
XS
SM
MD
LG