Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Ҳумси Сурия хабарнигори France 2 ба ҳалокат расид


Жил Жакие

Жил Жакие

Рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Ҳумси Сурия ҳашт нафар, аз ҷумла, як хабарнигори фаронсавӣ ба ҳалокат расида, 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Шабакаи телевизионии France 2 тайид кард, ки кормандаш Жил Жакие дар Ҳумс кушта шудааст. Ба иттилои ин шабака дар ин ҳодиса як хабарнигори ҳоландӣ маҷрӯҳ шудааст.

Яке аз шоҳидон ҳадс зад, ки нерӯҳои ҳукуматӣ сӯи ширкатдорони намоиши эътирозӣ мӯшак андохтаанд. Вазорати иттилои Сурия низ ҳодисаи бо хабарнигорони хориҷӣ рӯйдодаро тасдиқ кард.

Доминик Жербо, раиси созмони “Хабарнигорони бидуни марз” мегӯяд, "мо аз хатари мавҷуда огаҳем, аммо хабарнигорон бояд он ҷо бошанд ва иттилоъ додан дар бораи он ки чӣ мегузарад, қарзи онҳост. Жил Жакие хабарнигори олӣ буд. Ӯ замони инқилоб дар Тунис хело хуб кор карда буд. Ӯ медонист, ки ин гуна ҷойҳо амн нестанд ва ба он ҷойҳо барои сайёҳат намераванд. Мутаассифона, ин ҳодисаи фоҷиабор рӯй дод. Мо мехостем, ки тафсилоти бештарро бифаҳмем".

Хабарнигори France 2 Жил Жакие бо даъвати ҳукумат ба Сурия омада буд, Баъд аз вуруди нозирони Лигаи кишварҳои араб Димишқ ба бархе аз хабарнигорони хориҷӣ ҳам иҷозаи фаъолият дар кишварро дод.
XS
SM
MD
LG