Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари кушта шудани як хабарнигори Ғарбӣ дар Сурия


Шоҳидон ва матбуоти маҳалли Сурия мегӯянд, дар Ҳумс як хабарнигори ғарбӣ кушта ва шуморе аз журналистон захмӣ шудаанд. Вазорати иттилооти Сурия гуфт, аз моҷарое марбут бо журналистони хориҷӣ хабардор шудааст, вале ҷузъиёте дода наметавонад. Сафари хабарнигорони хориҷиро ба Ҳумс, ки яке аз марказҳои ошӯби даҳмоҳаи зидди президент Баӯор Асад аст, ҳукумати Сурия ташкил карда буд. Телевизиони маҳаллии Аддуния мегӯяд, дар ин воқеа ба камияш 8 нафар кушта ва 25 тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG