Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қӯрғонтеппа 2 баробар бузургтар мешавад


Намое аз шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон

Намое аз шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон

Масоҳати шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии вилояти Хатлон, ду баробар фарохтар хоҳад шуд.

Шарифхон Самиев, шаҳрдори Қӯрғонтеппа, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ахиран ҳукумати Тоҷикистон оид ба тавсеаи ҳудуди марзию маъмурии маркази вилояти Хатлон қарореро ба тасвиб расонида, барои тасвиб ба Маҷлиси Миллӣ ирсол кардааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Самиев, ҳудуди маркази маъмурии минтақа аз ҳисоби заминҳои навоҳии Бохтару Вахш васеътар хоҳад шуд: «Аз ҳудуди ноҳияи Бохтар 1612 гектар замин ва аз қаламрави ноҳияи Вахш 163 гектар замин ба ихтиёри шаҳри Қӯрғонтеппа хоҳад гузашт. Аҳолие, ки дар ин ҳудудҳо зиндагӣ мекунанд, низ сокини шаҳри Қӯрғонтеппа хоҳанд шуд. 20 ҳазор нафар аз ноҳияи Бохтар ва 5 ҳазор нафар аз ноҳияи Вахш. Яъне агар феълан, тибқи омори расмӣ, дар шаҳри Қӯрғонтеппа 76 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, бо ҷамъи ин 25 ҳазор нафар, аҳолии шаҳри мо ба беш аз 100 ҳазор нафар хоҳад расид.»

Масоҳати шаҳри Қӯрғонтеппа то ин замон ҳамагӣ 792 гектарро ташкил медодааст. Бо ҷамъи 1775 гектар заминҳои нав, қаламрави Қӯрғонтеппа беш аз ду маротиба васеътар хоҳад шуд. Марҳилаи ба ихтиёри шаҳри Қӯрғонтеппа гузаштани заминҳои нав пас аз ризоияти Маҷлиси миллӣ, ки баргузории наздиктарин иҷлосияи он дар моҳи феврал дар назар аст, оғоз хоҳад ёфт.

Хабари тавсеаи ҳудудҳои шаҳри Қӯрғонтепа аз сӯйи сокинони маҳаллӣ хуш истиқбол гардид, зеро феълан камбуди манзилу замин аз мушкилоти умдаи аҳолӣ маҳсуб мегардад. Ҳоло шаҳрдории Қӯрғонтеппа аризаи беш аз 7 ҳазор хонаводаҳои эҳтиёҷманд ба замину манзили зистро рӯйи даст дорад ва ягона роҳҳалли масъалаи мазкур, тавсеаи қаламрави шаҳр аз ҳисоби заминҳои навоҳии атроф унвон мешавад.

Ҳақдод Одинаев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Мо хеле шодем, ки ниҳоят проблемаамон ҳалли худро меёбад. Ҳанӯз аз соли 2006 мегуфтанд, ки заминҳои шаҳр калон мешавад аз ҳисоби ноҳияҳои атроф. Дар ҳақиқат шаҳр хурду аҳолияш рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Аз ҳар минтақа ҳар рӯз одамони зиёде кӯчида ба шаҳр меоянд. Дар хонаҳои 2-3 ҳуҷрагӣ 3-4 оила зиндагӣ мекунанд. Худи мо ҳам дар як хонаи хурд се оила зиндагӣ мекунем, шароитамон вазнин аст. Ба ҳукумат ариза навишта дода будем чанд сол пеш, лекин ба сабаби набудани замини холӣ, аризаҳоямон қаноатманд карда намешуд. Шояд акнун, агар тақсимоти одилона сурат гирад, оилаҳои эҳтиёҷманд соҳиби замин хоҳанд шуд.»

Вале масоҳати наве, ки ба тобеияти шаҳри Қӯрғонтеппа хоҳанд гузашт, орӣ аз мушкилоти фаровони иҷтимоию маишӣ набудааст. Минтақаҳое, ки ба тобеияи шаҳр мегузаранд, дар замони ҷанги шаҳрвандӣ қисман тахриб гардида, барои навсозии он ва таъмини шароити арзандаи зисти сокинонаш сарфи маблағҳои ҳангуфте зарур мебошад.

Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, дар ҳудудҳои нави шаҳр қарор аст ду ҷамоати деҳот таъсис дода шуда, умури кишоварзӣ низ анҷом шавад.

Мӯъмин Каримов, сокини яке аз деҳоти ноҳияи Вахш, ки ояндаи наздик расман сокини шаҳри Қӯрғонтеппа хоҳад шуд, мегӯяд, ягона умедаш барои ислоҳи шароити сахти зиндагӣ дар деҳа, ба тобеияти маркази маъмурии Хатлон гузаштан мебошад.

Оқои Каримов афзуд: «Деҳаи мо ҷангзада аст. Инфраструктура хароб. На об дораду на шароити мусоид барои зиндагӣ. Барқ нест. Ҳукумати ноҳия доим ба набудани маблағ ишора мекунад. Мегӯянд, ки деҳаи мо ҳам ба шаҳри Қӯрғонтеппа тобеъ мешавад. Умед дорем, ки ниҳоят зиндагии мо ҳам рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба ҳар ҳол, шаҳр шаҳр аст. Аҷиб, дар як они воҳид, мо – деҳотиҳо шаҳрӣ хоҳем шуд…»

Шаҳрдории Қӯрғонтеппа ҳамчунин аз таҳияи тарҳи бозсозӣ ё ба истилоҳи маъмул, нақшаи генералии шаҳри Қӯрғонтеппа низ хабар дод. Генплани нави Қӯрғонтеппа барои 180 ҳазор аҳолӣ ва 35-40 соли оянда дар назар гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки бар асоси генплани собиқи шаҳр, ки чанд даҳсола қабл таҳия шудааст, Қӯрғонтеппа асосан барои камтар аз 40 ҳазор нафар аҳолӣ ва дар масоҳати ҳамагӣ 100 ҳектар замин сохта шудааст.

Хабари таҳияи нақшаи генералии шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳукумати маҳаллӣ соле пеш ба омодасозии ин тарҳ то даҳ соли оянда мутмаин набуд. Гуфта мешуд, ки ба сабаби дасткӯтаҳии молӣ ва адами қитъаҳои холии замин дар шаҳр, шаҳрдорӣ наметавонад таҳияи тарҳи бозсозиро аз сар бигирад.

Ҳоло манобеи шаҳрдорӣ мегӯянд, бар асоси тарҳи бозсозии Қӯрғонтеппа, бархе аз манозили худсохту чандошёнаи маҳаллаҳо ва иншооти дигари дар маркази шаҳр қарордошта тахриб гардида, ба ҷойи онҳо сохтмони биноҳои маскунии баландошёна роҳандозӣ хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG