Пайвандҳои дастрасӣ

Пешсафии Ромнӣ дар раъйдиҳии ибтидоӣ бебаҳс шуд


Натиҷаҳои тақрибан шумурдашудаи раъйдиҳӣ дар аёлати Ню Ҳемпшир нишон доданд, ки Мит Ромнӣ дар интихоботи ибтидоӣ барои муайян кардани номзади Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар интихоботи президентӣ пирӯзии ошкор ба даст овард. Дар ҳоле ки 90 дарсади раъйҳо шумурду шудаанд, ҳокими собиқи аёлати Массачусетс 39 дарсад раъй оварда, дар интихоботи президентии моҳи ноябр бо президент Барак Обама рақобат хоҳад кард. Пештар, дар раъйгирии Айова Ромнӣ бо фарқи андак пешсаф гашта буд. Дар паёме ба тарафдоронаш Ромнӣ Обамаро ҳадаф гирифт ва гуфт, идеяҳои ӯ барои пешбурди Амрико ба ояндаи беҳтар, “тамом шудаанд”.

“Мо ҳамоно бовар дорем, ки Амрико сарзамини имкониятҳо ва машъали озодист. Ин Амрикост, ки моро водор мекунад, аз он чӣ ҳастем беҳтару бузургтар бошем. Интихобот бароямон имкон медиҳад, барои Амрикое, ки дӯсташ медорем ва бовараш дорем, мубориза кунем. Ташаккури зиёд. Худо Амрикоро иқбол диҳад. Ташаккур, бачаҳо, шумо беҳтаринҳоед!”

Сабқати ҷумҳурихоҳон акнун ба аёлати Каролинаи Шимолӣ мекӯчад. Интихоботи ибтидоӣ дар ин ҷо 21-уми январ баргузор хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG