Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишастҳои хабарии мансабдорон, ки замоне ба фаъолияти ҳукумат шаффофият бахшида буданд, беаҳамият мешаванд.

Мақомоти баландпояи давлатии Тоҷикистон, ки бояд дар як сол 2 дафъа ба суолҳои намояндагони матбуот посух бидиҳанд, шеваи нави "фирор аз хабарнигорон"-ро кашф кардаанд. Дар нишастҳои ахири матбуотӣ ба ҷойи вазирону раисон, ноибҳои онҳо ҳозир шуданд, ки умдатан аз посухҳои мушаххас мегурезанд ва дар бисёр ҳолат бо баҳонаи “посухи ин суол дар салоҳияти ман нест” пурсиши хабарнигорро беҷавоб мегузоранд.

ПОСУХИ СУОЛҲО ДАР САЛОҲИЯТИ КИСТ?

Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки рӯзноманигоронаш ба мақомҳои баландпояи давлатӣ дастрасии комил ва ҳамарӯза надоранд ва ба истиснои чанд мансабдор, дигар мақомдорон аз сӯҳбат бо хабарнигорон "мегурезанд". Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки вазирони ҳукуматаш ҳамеша аз ӯ пайравӣ мекунанд, низ дар ин ҷода пешгом нест ва касе ёд надорад, ки президент пайваста бо намояндагони матбуоти кишвари худ мулоқот карда ва ба пурсишҳои онҳо посух дода бошад.

Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик

Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик

Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд: «Аксари намояндаҳои вазоратхонаҳо баҳона пеш меоранд, ки бо сабабҳои узрнок раиси мо ҳузур надорад. Бо ҳамин ба суолҳо посухи дуруст гирифта намешавад ва муовини раис, ки дар ҷои ӯ пресс-конференсияро мебарад, дар баробари суолҳо мегӯяд, ки ин ба масъулияти ман намедарояд ва бо ҳамин аз журналистҳо халос мешавад. Ба назари ман, пешниҳоди аз чаҳор маротиба ба ду маротиба гузаронидани нишастҳои хабарӣ дар сол, ҳатман пешниҳоди худи вазирҳост.»

Дар ҳоле, ки барномаи нишасти мақомоти баландпоя бо хабарнигорон як моҳ пеш баррасӣ мешавад, хабарнигорон чанд дақиқа пеш аз шурӯи нишаст огаҳ мешаванд, ки вазирро дар мулоқот бо хабарнигорон ноибаш иваз мекунад. Эҳтимоли зиёд ин аст, ки агар пешопеш номи ширкаткунандагони нишаст маълум шавад, бисёре аз хабарнигорон ба чунин маҳфилҳо нахоҳанд омад.

Рӯзи сешанбе дар ҳоле, ки хабарнигорон бо суолҳои дар тӯли 6 моҳ ҷамъкардаи худ ба идораи Додситонии кул ҳозир шуданд, ба ҷой Доситони кулл Шерхон Салимзода, ноиби аввали ӯ Абдулқодир Муҳаммадиев ба толори мулоқот ворид шуд.

Рӯзноманигор Хайруллои Абдуваҳҳоб мегӯяд, ки ба пурсишҳои худ аз Додситони кулл посух гирифтан мехост: «Суолҳоеро, ки бояд ба мӯҳтарам Шерхон Салимзода медодед, бинобар ҳузур надоштанашон натавонистем дар миён гузорем ва ин суолҳоро, ки ба муовин медодем, дигар чандон аҳамият надоштанд

Дар ҳоле, ки вақти муайяншуда барои нишасти матбуотӣ барои посух гуфтан ба суолҳои хабарнигорон кофӣ нест, вале мақомот ним соати аввалро ба эълони корномаи худ дар тӯли шаш моҳи гузашта сарф мекунанд ва барои суолу ҷавоб вақти камтар мегузоранд.

Тақрибан ду рӯз қабл аз ин, нишасти хабарии раиси Кумитаи дин сурат гирифт ва Абдураҳим Холиқов, раиси ин Кумита бо вуҷуди исрори журналистҳо, ки вақт кам асту суол додан мехоҳанд, қироати матни гузориши худро идома медод.

Маҳмудхон Сараев, намояндаи Шӯъбаи иттилоот ва таҳлили назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори таасуф мегӯяд, ки рӯзноманигорон чунин ҳолатҳоро ба таври мушаххас ба онҳо пешниҳод намекунанд.

Вай таъкид мекунад, ки масъулони вазорату идораҳои муваззафанд, ки ба суолҳои мушаххаси рӯзноманигорон посух диҳанд: «Мо дар гузориши ҷамъбастие, ки баъди анҷоми давраи нишастҳои хабарӣ навишта мешавад, албатта, чунин далелу мисолҳои марбут ба камбудиҳои роҳбарони вазорату идораҳо дар ҷараёни нишастҳои хабариро зикр мекунем. Ва албатта, мусоидат мекунем, ки чунин ҳолатҳо пеш наояд.»

"ЗАБОН ДАР ДАҲОН ПОСБОНИ САР АСТ"

Беш аз панҷ сол аст, ки бо дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишастҳои хабарии вазоратхонаву идораҳо дар сарсари кишвар баргузор карда мешаванд. Рӯзноманигорон мегӯянд, ки бо вуҷуди муносибати гарми баъзе аз вазирону роҳбарони идораҳо бо намояндагони матбуот, ҳанӯз бархӯрди масъулон бо журналистҳо ҳамчунон бар пояи талаботи қонуну дастурҳо сурат намегирад.

Ба мулоқотҳои охир ҳозир нашудани бахши умдаи мақомоти аввали вазоратхона ва идораҳои давлатиро хабарнигорон ба таҳаввулоти дохили кишвар рабт доданд. Онҳо мегӯянд, ҳоло ки дар кишвар марҳилаи истеъфову таъйиноти нави вазирону раҳбарон рӯ ба роҳ аст, мақомдорон аз рӯи ҳикмати “забон дар даҳон посбони сар аст” амал мекунанд, то ҳарфи беҷое аз забони онҳо бадар наравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG