Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даҳумин солгарди таъсиси маҳбаси Гуантанамо


Имрӯз ба таъсиси маҳбаси ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар Гуантанамо 10 сол пур мешавад. Ин боздоштгоҳ даҳ сол пеш барои нигаҳдории гумонбаршудагони терроризм дар пойгоҳи баҳрии нерӯҳои Амрико дар Куба замоне боз шуд, ки пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ва ҳалокати наздик ба 3000 нафар дар Иёлоти Муттаҳида, ин кишвар дар садри нерӯҳои байнулмилалӣ ба Афғонистон ҳамчун паногоҳи шабакаи ал-Қоида, Толибон ва гурӯҳҳои дигар ҳуҷум овард. Дар қатори садҳо боздоштшуда афроде буданд, ки тасодуфан ё иштибоҳӣ дар ин ҷо бандӣ шудаанд. Чанде аз онҳо дертар дар додгоҳ бегуноҳ баромаданд. Яке аз 11 бандии Гуантанамо аз Тоҷикистон, Абдукарим Эргашев мегӯяд, ӯро ба амрикоиён дар Афғонистон террорист муаррифӣ кардаанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мавҷудияти ин маҳбасро шадидан танқид карданд ва Барак Обама, баъд аз пирӯзияш дар интихоботи президентӣ дастур дод, ки он он то январи соли 2010 баста шавад. Аммо, бино бар хабари Ройтерз, ҳоло ҳам дар ин ҷо 171 маҳбус нигоҳдорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG