Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз таркиши баллони газ як тоҷик фавтид ва дувумӣ маъюб шуд


Аз таркиши балони газ дар шаҳраки Егоревски вилояти Маскави Русия як муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расид ва дигарӣ сахт маҷрӯҳ шуд. Полис мегӯяд, ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон дар маркази қабули оҳанпора кор мекарданд ва хостаанд, баллонҳои кӯҳнаи газро арра кунанд. Дар яке аз онҳо 10 литр пропан будааст, ки ҳангоми пора кардани баллон таркидааст. Ҷавони дувум, ки зинда мондааст, ҷароҳатҳои зиёд ва сангине дорад, ки эҳтимол ба бурида шудани пояш сабаб гардад.
XS
SM
MD
LG