Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон: Дабири дифоъ ба "хатоҳои бузург" роҳ дод


Хабаргузориҳо ба нақл аз телевизионҳои маҳаллӣ ва мансабдорони давлатӣ, иттилоъ додаанд, ки сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ дабири умури дифоъ, генерал Наим Холид Лодҳиро аз мақомаш барканор кардааст. Ин воқеа дар авҷи ихтилофи артиш ва ҳукумати Покистон ба иттифоқ афтод. Лодҳӣ нафари артиш дар ҳукумат буд ва аз вазири дифоъ низ салоҳиятҳои бештар дошт. Хабаргузориҳо ба нақл аз мақомоти аршади ҳукумат менависанд, Лодҳӣ барои хатоҳои, ба гуфтаи онҳо, “бузург” барканор шцудааст. Фармони Гелонӣ дар ҳоле баромад, ки артиш худи ӯро барои як мусоҳибааш огоҳӣ дод ва гуфт, чунин изҳорот барои кишвар пайомадҳои ногувор дорад. Гелонӣ рӯзи душанбе ба нашрияи Чин гуфт, раҳбарони артиш ва хадамоти ҷосусӣ дар мавриди таҳқиқе, ки Додгоҳи Олӣ мекунад, баёнияҳои ғайриқонунӣ ва яктарафа додаанд.
XS
SM
MD
LG