Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия барои Афғонистон 21 чархболи ҷангӣ месозад


Вазорати дифои Русия мегӯяд, аввалин чархболҳои русӣ барои нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон, ки бо пули Иёлоти Муттаҳида сохта шудаанд, ба Кобул интиқол ёфтанд. Дар торнамои вазорат гуфта мешавад, 9 чархболи Ми-17B-5 дар мӯҳлати қарордодӣ омода ва ба Афғонистон фиристода шуданд. Қарор аст, то поёни сол 12 чархболи дигар омода ва ба мақомоти афғон супурда шавад.
XS
SM
MD
LG