Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фуруди изтирории ҳавопаймои масири "Маскав -- Кӯлоб"


Ҳавопаймои ширкати “Ист Эйр”, ки аз Маскав ба Кӯлоб парвоз мекард, бар асари даромадани ҳаво ба салонаш маҷбур шуд, парвозашро қатъ кунад ва ба фурудгоҳи “Домодедово” баргардад. Бино бар хабари “Интерфакс” ҳавопаймои “Боинг-737” дар ҳоле, ки дар баландии 8250 метр бар фарози вилояти Пенза парвоз мекард, бо мушкили сӯрох дар салонаш рӯбарӯ гашт ва фармондеҳи халабонҳо тасмим гирифт, ба баландии 5500 метр поин омада, ба фурудгоҳи Маскав баргардад. Мусофирон ва халабонҳо осеб надидаанд.
XS
SM
MD
LG