Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиши Теҳрон донишманди улуми ҳастаӣ кушта шуд


Хабаргузориҳои эронӣ мегӯянд, як донишманди улуми ҳастаии Эрон аз таркиши бомбае, ки ба мошини ӯ насб шудааст, ба ҳалокат расид. Ба иттилои хабаргузории нимарасмии “Форс”, профессори донишгоҳ ва донишманди улуми ҳастаӣ Мустафо Аҳмадӣ Равшан, ки тибқи хабарҳо, дар маркази ҳастаии Натанзи Эрон кор мекард, кушта ва ду ҳамсафари ӯ захмӣ шудаанд. . “Форс” ин воқеаро “ҳамлаи террористӣ” номид ва ноиби шаҳрдори Теҳрон Сафаралӣ Баротлу гуфт, Исроил масъули он аст. Баротлу ба хабаргузории “Форс” гуфтааст, ин ҳамла ба суиқасде, ки 12-уми январи соли 2010 профессор Масъудалӣ Муҳаммадиро ба қатл расонд, шабоҳат дорад.
XS
SM
MD
LG