Пайвандҳои дастрасӣ

Узбактаборони Тоҷикистон хостори раҳоии вагонҳо шуданд


Ҷамъияти узбактаборон ва тоҷирони вилояти Хатлони Тоҷикистон дар номае аз раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов хостаанд, ки дар раҳоии вагонҳояшон мусоидат кунад. Масъулони ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯянд, айни ҳол дар қаламрави Узбакистон 302 вагони марбут ба вилояти Хатлон банд мондааст. Эсанҷон Мустафоқулов, соҳибкор аз шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, дар нома ба раҳбари Узбакистон гуфта мешавад, ки дар сурати раҳо нашудани вагонҳояшон, пардохти зарари молии ин амал талаб хоҳад шуд. Вай афзуд:

«Мақсади Узбакистон расонидани таъсири манфӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва ба миён овардани мавҷи норозигиҳо дар кишвари мо мебошад. Бояд тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, судҳои байналмилалӣ Узбакистон ба риояи ӯҳдадориҳояш водор карда шавад, бояд зарарҳоро ҷуброн кунад.»

Дар миёни вагонҳои бандшуда дар Узбакистон, 81 вагон сӯзишвории реактивӣ барои Афғонистон, 72 вагони орду гандум, 56 вагони масолеҳи сохтмонӣ ва 30 вагон сӯзишворӣ аст.
XS
SM
MD
LG