Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навраси 16-сола мегӯяд, ба "Бобои Барфӣ" корд задааст


Як навраси 16-сола эътироф кардааст, ки дар куштани Парвиз Давлатбеков, ҷавоне дар либоси Бобои Барфӣ дар шаби соли нави милодӣ даст доштааст. Беҳрӯз Шарипов гуфтааст, ба Парвиз ду бор корд задааст. Вай ва айбдоршавандагони дигар ва ҳамчунин шоҳидони ҳодиса ҷой доштани ангезаҳои мазҳабиро дар ин воқеа рад карда, мегӯянд, Парвиз бар асари як занозание кушта шуд, ки аз дашномдиҳии байниҳамӣ маншаъ гирифтааст. Се нафар, ба истиснои Беҳрӯзи ноболиғ, бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштор боздошт шудаанд. Бархе аз шоҳидон гуфтаанд, ҳамлаварон сархуш буданд.
XS
SM
MD
LG