Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нома ба Каримов: "Вагонҳоро раҳо кунед"


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Ҷамъияти узбактаборон ва тоҷирони Хатлон аз Ислом Каримов хостаанд, ки дар раҳоии вагонҳояшон мусоидат кунад.

Саидҷон Ёдгорӣ, муовини раиси хадамоти боркашонии ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо тасдиқи ин хабар гуфт, айни ҳол дар қаламрави Узбакистон 302 вагони марбут ба вилояти Хатлон банд мондааст.

Дар миёни вагонҳои бандшуда дар Узбакистон, 81 вагон сӯзишвории реактивӣ барои Афғонистон, 72 вагони орду гандум, 56 вагони масолеҳи сохтмонӣ ва 30 вагон сӯзишворӣ аст.

Эсанҷон Мустафоқулов, соҳибкор аз шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, муроҷиаткунандагон дар номаи худ ба унвонии мақомоти Узбакистон гуфтаанд, ки дар сурати раҳо нашудани вагонҳояшон, онҳо талаби пардохти зарари молии бардоштаашонро хоҳанд кард. Аммо худи ҷаноби Мустафоқулов ба ҳалли мусбати ин қазия хушбин намебошад:

«Мақсади Узбакистон расонидани таъсири манфӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва ба миён овардани мавҷи норозигиҳо дар кишвари мо мебошад. Он ҷо таркиш нест, сунъӣ эҷод кардаанд ин мушкилро, зеро мехоҳанд, ки вилояти Хатлон, калонтарин минтақаи Тоҷикистонро дар муҳоҷираи иқтисодӣ қарор бидиҳанд. Бояд тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, судҳои байналмилалӣ Узбакистон ба риояи ӯҳдадориҳояш водор карда шавад, бояд зарарҳоро ҷуброн кунад.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» соли гузашта дар пайи боздошти вагонҳояш дар хоки Узбакистон, аз он кишвар 400 ҳазор доллар зарари бардоштаашро ситонида буд.

Вале Зебо Сатторова, узви фаъоли ҷамъияти узбактаборони Хатлон, мегӯяд, соле пеш низ ҷомеаи узбактаборони Тоҷикистон ба унвонии раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов номаи дастаҷамъие ирсол карда, дар он хостори тағйири мавқеъгирии кишвараш нисбат ба сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва қатъи муҳосираи иқтисодии вилояти Хатлон шуда буд:

«Мазмуни мактуби кушоди мо аз ин иборат буд, ки агар шумо нахоҳед ё натавонед ба Тоҷикистон кӯмак расонед, пас халал ҳам нарасонед. Парвардигор ба ҳар як миллат неъмате ато мекунад, ба мо оби софу равонро арзонӣ доштааст. Агар имконияти сохтмони нерӯгоҳҳоро дошта бошему муаммоҳои ҷойдоштаро ба ин восита ҳал намоем, некӯаҳволии мардумро таъмин карда, барқи доимӣ ба даст ояд, чаро мо ин корро накунем?! Тоҷику узбак аз қадимулайём «пӯсту нохун» ҳастанд, бояд кӯшиш намоем, ки ҳамин дӯстии байни миллатҳои мо пойдор боқӣ монад…»

Вале ба гуфтаи хонум Сатторова, ҷониби Узбакистон, номаҳои дастаҷамъии ҷамъияти узбактаборон ва доираҳои тиҷории Хатлонро нодида гирифта, посух надодааст.

Саидҷон Ёдгорӣ, муовини раиси хадамоти боркашонии роҳи оҳани Тоҷикистон, гуфт, аз 16-уми ноябр ба ин сӯ, тавассути қитъаи роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа ягон вагони борбару мусофирбар ба вилояти Хатлон ворид нашудааст, ки дар натиҷа ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва тоҷирони соҳиби молу колои ворида садҳо ҳазор доллари амрикоӣ хисороти молӣ бардоштаанд. Узбакистон танҳо 48 вагон сӯзишвории реактивии марбут ба ширкатҳои афғониро, ки мебоист аз роҳи Тирмиз-Қӯрғонтеппа ба Афғонистон роҳӣ шаванд, ба истгоҳи роҳи оҳани Душанбе мунтақил кардааст.

Ширкати «Ӯзбекистон темир йуллари»-и Ӯзбекистон гуфтааст, ки дар қитъаи роҳи оҳани Термиз-Амузанг, ки қисмати ҷанубии Ӯзбекистонро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон мепайвандад, таркише ба вуқӯъ пайваста, сабаби қатъи ҳаракати қатораҳо ба воситаи ин ҷода шудааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ба воқеияти ҳодисаи таркиш дар ин қитъаи роҳи оҳан шубҳа дошта, ин тасмими кишвари ҳамсояро амали қасдан тарҳрезишуда меноманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG