Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА боз хостори истеъфои Башор Асад шуд


Башор Асад ба истеъфо рафтанӣ нест

Башор Асад ба истеъфо рафтанӣ нест

ИМА аз суханронии ахири раисиҷумҳури Сурия Башор Асад интиқод кард ва бори дигар аз ӯ даъват намуд, ки истеъфо диҳад. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, суханронии Башор Асадро “талоши аз мушкилоти воқеӣ дур кардани таваҷҷуҳи мардуми Сурия” номид.

Башор Асад рӯзи сешанбе дар як суханронӣ дар донишгоҳи Димишқ, нерӯҳои берунаро дар талоши ноором кардани вазъи кишвар айбдор кард. Ӯ изҳор намуд, ки ҳукумат бо гурӯҳҳои террористӣ дар кишвар тараҳҳум нахоҳад кард. Башор Асад афзуд, ки ба истеъфо рафтанӣ нест ва аммо ваъда дод, ки моҳи март раъйпурсӣ оид ба Қонуни асосии нав ва баъдан интихоботи умумӣ доир мекунад.

Дар ҳамин ҳол Линн Паско, ёвари Дабири кулли СММ, хабар дод, ки баъд аз вуруди нозирони Лигаи кишварҳои араб ба Сурия дар таърихи 26 декабр дар ин кишвар боз тақрибан 400 нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Нозирони кишварҳои арабӣ барои он ҳадафи интиқод қарор доранд, ки баъд аз вурудашон хунрезӣ дар Сурия қатъ нашудааст. Ахиран Лига хабар дод, ки бар асари ҳамлаи мусаллаҳона дар канори шаҳри Лозиқия 11 нозир ҷароҳати сабук бардоштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG