Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ромнӣ дар сабқати довталабон дар Ню-Ҳампшир пешсаф аст


Волии собиқи аёлати Массачусетс Митт Ромнӣ дар нахустин сабқати номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар Ню-Ҳампшир пешсаф аст.

Бар пояи иттилои муқаддамотӣ, Ромнӣ ба 36 дар сади раъйҳои интихобокунандагон соҳиб мешавад. Довталаби дигар - узви Конгресс Рон Пол дар дарёфти 25 дар сади раъйҳо муваффақ хоҳад шуд.

Дар сабқати номзадҳо аз Ҳизби демократ дар Ню-Ҳампшир раисиҷумҳури феълӣ Барак Обама пирӯз мешавад. Чаҳор сол пеш Обама дар ин ҷо сабқатро ба Ҳилларӣ Клинтон бохта буд.
XS
SM
MD
LG