Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Теъдоди қурбониёни таркиши Ҷомрӯд ба 35 нафар расид


Теъдоди қурбониёни таркиши бомб дар дар мавзеи Ҷомрӯди вилояти Хайбар-Пахтунхваи Покистон то 35 нафар афзоиш ёфт. Даҳҳо нафар ба бемористон интиқол дода шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, дар наздикиҳои истгоҳи автобус як мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор шудааст. Аксари кушташудагон шибҳанизомиёне буданд, ки зидди Толибон меҷангиданд.

Риёз Афридӣ, як сокини маҳаллӣ, ки шоҳиди таркиш буд, мегӯяд, "инфиҷор тамоман ногаҳонӣ рӯй дод. Ҷасадҳои одамон ҳарсӯ паҳну парешон шуданд. Мо аз ин ҳодиса хело ғамгинем. Мо сокинони Ҷомрӯд одамони осоиштаем ва нафароне аз берун оромии Ҷомрӯдро халалдор намуданд".

Масъулияти ин ҳамларо то ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG