Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ мӯҳлати тасмим оид ба таслими Сайфулисломро тамдид кард


Сайфулислом баъди боздошт
Сайфулислом баъди боздошт
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноии Ҳейг ё Гаага бо хоҳиши Либия муҳлати тасмимгирӣ оид ба таслими Сайфулислом, писари раҳбари суқуткарда Муаммар Қаззофӣ, ба додгоҳро то 23 январ тамдид кард.

Мақомоти Либия хостори барои с е ҳафта тамдид кардани мӯҳлати тасмимгирӣ шуданд ва аммо Додгоҳи Ҳейг эълом дошт, ки таъхир ба ҷараёни омодагиҳо ба мурофиа таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Моҳи июни соли гузашта Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг дастури боздошти Сайфулисломро содир кард. Писари Қаззофӣ дар ҷиноёт алайҳи башарият дар ҷараёни ҷанг дар Либия айбдор мешавад.

Баъд аз боздошти Сайфулислом мақомоти нави Либия эълом доштанд, ки шояд худи онҳо мурофиаи додгоҳии Сайфулислом Қаззофиро доир кунанд. Додгоҳи Ҳейг ба Троблус барои тасмимгирии ниҳоӣ то 10 январ фурсат дода буд.

Сайфулисломи 39-сола айни ҳол дар боздоштгоҳи додгоҳи низомии шаҳри Зантон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Троблус, нигаҳ дошта мешавад.
XS
SM
MD
LG