Пайвандҳои дастрасӣ

Сарҳанги додситонии низомии Лаҳистон Миколай Пшибил изҳор намуд, ки ҳадаф аз талоши худкӯшии ӯ ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеъа ба фасод дар вазорати дифоъ буд. Пшибил ҳамчунин гуфт, ки гурӯҳе тарҳи сӯиқасд ба ҷонашро кашида буд.

Миколай Пшибил ба тафтиши қарордодҳои марбут ба мудофиа ва ҳамчунин ба тафтиши ифшои иттилои сиррӣ доир ба парвандаи суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия, ки дар он раисиҷумҳур Лех Качински ва 95 нафари дигар ба ҳалокат расиданд, машғул буд.

Рӯзи душанбе ҳангоми нишасти хабарӣ дар шаҳри Познан ӯ барои чанд лаҳза танаффус эълон кард ва дар дафтари кораш даст ба худкӯшӣ зад. Табибон мегӯянд, ки Пшибил ҷароҳати сабук бардоштааст.
XS
SM
MD
LG